ДАЪВАТНОМА БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТЕНДЕР 017-2024-KFS-TJ барои сохтмони чоҳи амудӣ дар мавзеи саксаулзори деҳаи Сомғори ноҳияи Ашт
Наименование объявления: | ДАЪВАТНОМА БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТЕНДЕР 017-2024-KFS-TJ барои сохтмони чоҳи амудӣ дар мавзеи саксаулзори деҳаи Сомғори ноҳияи Ашт |
Дата публикации: | 2024-09-30 07:47:33 |
Крайний срок / Deadline: | 2024-10-02 15:00:00 |
Этап: | Активный |
Организатор: | Институт Лесного Хозяйства |
Юр. адрес организатора: | Ул. Балъами 9/1, Душанбе |
Область реализации проекта: | Согдийская область |
Отрасль: | Прочее, Строительные работы |
Тип объявления | Тендер |
Контактное лицо: | Одинаев Фируз |
Контактный E-mail: | procurementkfs.tj@gmail.com |
Контактный телефон: | +992901115656 |
ДАЪВАТНОМА БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТЕНДЕР 017-2024-KFS-TJ
барои сохтмони чоҳи амудӣ дар мавзеи саксаулзори деҳаи Сомғори ноҳияи Ашт
Санаи эълони лоиҳа: 20.09.2024
Лоиҳаи «Ҳамкории Корея ва Тоҷикистон дар соҳаи ҷангал» аз ҷониби Хадамоти ҷангали Корея маблағгузорӣ шуда, тибқи ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал байни Хадамоти ҷангали Корея ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Иҷрокунандаи ин лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикстон Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии хоҷагии ҷангал» мебошад.
Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии хоҷагии ҷангал» ҳамаи ташкилотҳои тиҷоратиро барои иштирок дар тендер оид ба интихоби шарикон барои сохтмони чоҳи амудӣ бо мақсади ҳифз намудани ниҳолҳои саксаул дар деҳаи Сомғори ноҳияи Ашт дар шакли ҳамкориҳои дарозмуддат даъват менамояд.
Маълумот дар бораи мавзеъ:
Мавзеъ дар деҳаи Сомғори ноҳияи Ашт дар координатаҳои (широта - 40°25'36.40"С; долгота 70° 5'31.71"В) дар баландии 680-700 метр аз сатҳи баҳр дар канори шоҳроҳи Хуҷанд – Ашт ҷойгир аст.
Руйхат ва тавсифоти пурра дар файли замиммашудаи WORD барои дурусттар фаҳмо будан бо забони русӣ оварда шудааст:
Барои гирифтани дигар тавзеҳоти иловагӣ оид ба иштирок дар ин озмун ба почтаи электронии procurementkfs.tj@gmail.com муроҷиат намоед. Лутфан дар сатри мавзӯи мактуб номи дархостро (017-2024-KFS-TJ) нишон диҳед.
Мӯҳлати охирини пешниҳодҳо: 02 октябри соли 2024, соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ.
Макони иҷроиш: вилояти Суғд, ноҳияи Ашт (широта - 40°25'36.40"С; долгота 70° 5'31.71"В).
Ҳуҷҷатҳое, ки пас аз мӯҳлати охирини муқарраршуда пешниҳод шудаанд, ба инобат гирифта намешаванд Пешниҳодҳо бояд пеш аз муҳлати анҷомёбӣ дар лифофаи мӯҳршуда бо зикри номи дархост, санаи пешниҳод, маълумот барои тамос ва номи довталаб (номи ташкилот) ба идораи Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии хоҷагии ҷангал» дар суроғаи Душанбе, к. Балъами 9/1, ба шахсони дар поён зикршуда пешниҳод карда шаванд.
Шахсони масъул барои пешниҳод ва қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ:
Одинаев Фируз, телефон: +992 90-111-5656, е-mail: procurementkfs.tj@gmail.com
Дар пешниҳодоти тиҷоратӣ мавҷудияти ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои зерин ҳатмӣ мебошад:
1. Мактуби ҳамроҳ бо нишон додани маълумотҳои зерин:
а) Нархномаи умумӣ (бо сомони);
б) Мӯҳлати дастраскунӣ;
в) Макони дастраскунӣ;
г) Мӯҳлати амали нархнома
д) Шарт ва мӯҳлати пардохт
е) Мӯҳлати кафолат барои молу/хизматрасонӣ
2. Пешниҳоди тиҷоратӣ бо нишон додани маълумотҳои зерин дар он:
а) Номгуй, навъ ва таснифоти мушаххаси молу/хизматрасонӣ бо нархи ҳар як воҳиди он. (Смета)
б) Нархи умумии молу/хизматрасонӣ бо назардошти таҳвили он то макони талабшуда.
в) Маълумот дар бораи ААИ дар нархи мол/хизматрасонӣ (агар ширкат пардохткунандаи ААИ бошад, дар сатри алоҳида баъди нишон дода шавад)
3. Маълумот оид ба таҷрибаи корхона дар соҳаи хариду фурӯши молу/хизматрасониҳои ҳаммонанд.
4. Тавсияномаҳо аз шарикон.
5. Маълумотнома аз кумитаи андоз оиди надоштани қарздорӣ (барои моҳи охирони ҳисоботӣ)
6. Маълумотнома аз бонк оиди доштани суратҳисоб.
7. Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқие, ки мақоми молтаъминкунандаро тасдиқ мекунад (нусхаи Шаҳодатнома, Иқтибос, Патент, РМА ва ғайра).
8. Суроға, телефон ва почтаи электронии соҳибкорон/ширкатҳои дар тендер иштироккунанда.
9. Дигар шартҳои тендер:
а) Пешниҳоди Лоиҳа ва нақшаи таворабандӣ
б) Саривақт дастрас кардани молу/хизматрасонӣ мувофиқ ба макони таъиншуда ва мӯҳлати талабкардашуда.
Таваҷҷӯҳ: Таҳияи нодурусти ҳуҷҷатҳо ё пешниҳод нашудани яке аз ҳуҷҷатҳои талабшуда ва ё мавҷуд набудани маълумоти талабгардида асос барои соқит кардани пешниҳодоти тиҷоратии пудратчии эҳтимолӣ аз таҳлилу баррасии минбаъда шуда метавонанд.
Лоиҳаи «Ҳамкории Корея ва Тоҷикистон дар соҳаи ҷангал» супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ нест. Нархҳо дар ариза бояд бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ ва бо дарназардошти ҳамаи хароҷот ва андозҳои имконпазири дигар пешниҳод карда шаванд.
Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии хоҷагии ҷангал» ҳуқуқ дорад, ки таъминкунандагонеро огоҳ созад, ки дар асоси натиҷаҳои баррасии пешниҳодҳои тендерӣ интихоб карда мешаванд.
Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии хоҷагии ҷангал» ҳуқуқ дорад, ки зиёда аз як таъминкунандаро интихоб кунад ё ҳеҷ якеро интихоб накунад. Бо таъминкунандагони интихобшуда то охири соли 2024 Созишномаи тарафайн баста мешавад. Агар эҳтиёҷ ба хидматҳои пешниҳодшуда ба миён ояд, Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии хоҷагии ҷангал» дар доираи имкониятҳои молиявӣ ва мувофиқи ниёзҳои худ, ба ҳама гуна таъминкунандагони интихобшуда, ки ба макон, нарх ва шароит бештар мувофиқат мекунад, фармоиш медиҳад. То бастани шартнома Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии хоҷагии ҷангал» ҳуқуқи қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт дорад ва барои ин иқдоми худ дар назди Иштирокчиёни тендер ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад, инчунин ҷиҳати пешниҳоди маълумот ба онҳо дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва қарори қабул кардааш низ ӯҳдадор нест.
Имя | Размер |
---|---|
017-2024_Эълони_Тендери_Ирригация_Дангара_Офтобруя.docx | 349,75 Kb |