ДАЪВАТНОМА БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТЕНДЕР 007-2024-KFS-TJ (барои таъмини автомобилҳои сабукрав ва боркаш, техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ)

Наименование объявления: ДАЪВАТНОМА БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТЕНДЕР 007-2024-KFS-TJ (барои таъмини автомобилҳои сабукрав ва боркаш, техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ)
Дата публикации: 2024-03-30 14:19:38
Крайний срок / Deadline: 2024-04-15 12:00:00
Этап: Активный
Организатор: Институт Лесного Хозяйства
Юр. адрес организатора: Ул. Балъами 9/1, Душанбе
Область реализации проекта: Душанбе
Отрасль: Прочие виды транспорта, Транспортные средства, Услуги
Тип объявления Тендер
Контактное лицо: Одинаев Фируз
Контактный E-mail: procurementkfs.tj@gmail.com
Контактный телефон: +992901115656

ДАЪВАТНОМА БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТЕНДЕР 007-2024-KFS-TJ

(барои таъмини автомобилҳои сабукрав ва боркаш, техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ)

Санаи эълони лоиҳа: 30.03.2024

Лоиҳаи «Ҳамкории Корея ва Тоҷикистон дар соҳаи ҷангал» аз ҷониби Хадамоти ҷангали Корея маблағгузорӣ шуда, тибқи ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал байни Хадамоти ҷангали Корея ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Иҷрокунандаи ин лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикстон Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии хоҷагии ҷангал» мебошад.

Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии хоҷагии ҷангал» ҳамаи ташкилотҳои тиҷоратиро барои иштирок дар тендери кушод оид ба интихоби таъминкунандагон барои пешниҳоди намудҳои зерини хизматрасонӣ дар шакли ҳамкориҳои дарозмуддат даъват менамояд.

1. Лот 1: Таъмини автомобилҳои сабукрав

2. Лот 2: Таъмини автомобилҳои боркаш

3. Лот 3: Таъмини автомобилҳои обкашон

4. Лот 4: Таъмини трактор ва мошинолотҳои кишоварзӣ

Руйхат ва тавсифоти пурра вобаста ба ҳар лот дар файли замиммашудаи WORD бо забони русӣ оварда шудааст:

Барои гирифтани дигар тавзеҳоти иловагӣ оид ба иштирок дар ин озмун ба почтаи электронии procurementkfs.tj@gmail.com муроҷиат намоед. Лутфан дар сатри мавзӯи мактуб номи дархостро (007-2024-KFS-TJ) нишон диҳед.

Мӯҳлати охирини пешниҳодҳо: 15 апрели соли 2024, соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ.

Макони дастраскунӣ: шаҳри Душанбе, к. Балъами 9/1

Ҳуҷҷатҳое, ки пас аз мӯҳлати охирини муқарраршуда пешниҳод шудаанд, ба инобат гирифта намешаванд Пешниҳодҳо бояд пеш аз муҳлати анҷомёбӣ дар лифофаи мӯҳршуда бо зикри номи дархост, санаи пешниҳод, маълумот барои тамос ва номи довталаб (номи ташкилот) ба идораи Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии хоҷагии ҷангал»  дар суроғаи Душанбе, к. Балъами 9/1, ба шахсони  дар поён зикршуда пешниҳод карда шаванд.

Шахсони масъул барои пешниҳод ва қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ:

Одинаев Фируз, телефон: +992 90-111-5656, е-mail: procurementkfs.tj@gmail.com

Дар пешниҳодоти тиҷоратӣ мавҷудияти ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

1. Мактуби ҳамроҳ  бо нишон додани маълумотҳои зерин:

а) Нархномаи умумӣ (бо сомони);

б) Мӯҳлати дастраскунӣ;

в) Макони дастраскунӣ;

г) Мӯҳлати амали нархнома

д) Шарт ва мӯҳлати пардохт

е) Мӯҳлати кафолат барои молу/маҳсулот

2. Пешниҳоди тиҷоратӣ бо нишон додани маълумотҳои зерин дар он:

а) Номгуй, навъ ва таснифоти мушаххаси молу/хизматрасонӣ  бо нархи ҳар як воҳиди он.

б) Нархи умумии молу/хизматрасонӣ бо назардошти таҳвили он то макони талабшуда.

в) Маълумот дар бораи ААИ дар нархи мол/хизматрасонӣ (агар ширкат пардохткунандаи ААИ бошад, дар сатри алоҳида баъди нишон дода шавад)

3. Маълумот оид ба таҷрибаи  корхона дар соҳаи хариду фурӯши молу/хизматрасониҳои ҳаммонанд.

4. Тавсияномаҳо аз шарикон.

5. Маълумотнома аз кумитаи андоз оиди надоштани қарздорӣ (барои моҳи охирони ҳисоботӣ)

6. Маълумотнома аз бонк оиди доштани суратҳисоб.

7. Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқие, ки мақоми молтаъминкунандаро тасдиқ мекунад (нусхаи Шаҳодатнома, Иқтибос, Патент, РМА ва ғайра).

8. Суроға, телефон ва  почтаи электронии соҳибкорон/ширкатҳои дар тендер иштироккунанда.

9. Дигар шартҳои тендер:

·         Саривақт дастрас кардани молу/хизматрасонӣ мувофиқ ба макони таъиншуда ва мӯҳлати талабкардашуда.

Таваҷҷӯҳ: Таҳияи нодурусти ҳуҷҷатҳо ё пешниҳод нашудани яке аз ҳуҷҷатҳои талабшуда ва  ё мавҷуд набудани маълумоти талабгардида асос барои соқит кардани пешниҳодоти тиҷоратии пудратчии эҳтимолӣ аз таҳлилу баррасии минбаъда шуда метавонанд.

Лоиҳаи «Ҳамкории Корея ва Тоҷикистон дар соҳаи ҷангал» супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ нест. Нархҳо дар ариза бояд бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ ва бо дарназардошти ҳамаи хароҷот ва андозҳои имконпазири дигар пешниҳод карда шаванд.

Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии хоҷагии ҷангал» ҳуқуқ дорад, ки таъминкунандагонеро огоҳ созад, ки дар асоси натиҷаҳои баррасии пешниҳодҳои тендерӣ интихоб карда мешаванд.

Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии хоҷагии ҷангал» ҳуқуқ дорад, ки зиёда аз як таъминкунандаро интихоб кунад ё ҳеҷ якеро интихоб накунад. Бо таъминкунандагони интихобшуда то охири соли 2024 Созишномаи тарафайн баста мешавад. Агар эҳтиёҷ ба хидматҳои пешниҳодшуда ба миён ояд, Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии хоҷагии ҷангал» дар доираи имкониятҳои молиявӣ ва мувофиқи ниёзҳои худ, ба ҳама гуна таъминкунандагони интихобшуда, ки ба макон, нарх ва шароит бештар мувофиқат мекунад, фармоиш медиҳад. То бастани шартнома Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии хоҷагии ҷангал» ҳуқуқи  қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда  ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт дорад ва барои ин иқдоми худ  дар назди Иштирокчиёни тендер ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад, инчунин  ҷиҳати пешниҳоди маълумот  ба онҳо дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва  қарори қабул кардааш низ ӯҳдадор нест.