Ёвари хурди шӯъбаи дарёфти даромад

Наименование объявления: Ёвари хурди шӯъбаи дарёфти даромад
Дата публикации: 2026-08-04 13:27:08
Крайний срок / Deadline: 2026-08-16 20:00:00
Этап: Активный
Организатор: Good Neighbors International in Tajikistan
Юр. адрес организатора: Dushanbe, G.Zavkibekova str. 34/3
Область реализации проекта: Хатлонская область
Отрасль: Услуги
Тип объявления Тендер
Контактное лицо: Islomjon Ibragimov
Контактный E-mail: gnt.humanresources@gmail.com
Контактный телефон: +992778885445

Ёвари хурди шӯъбаи дарёфти даромад дар ноҳияи Шаҳритуc

Охирин муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: 16 августи соли 2026

Аз сабаби зарурияти дар муҳлати кӯтоҳ ишғол намудани вазифаи мазкур, GNT тасмим гирифтааст то тамоми дархостҳоро дар баробари  ба ташкилот фиристода шуданашон  баррасӣ кунад  ва  бо номзадҳои мувофиқ мусоҳиба гузаронад.

Ташкилот ҳуқуқ дорад, ки вазифаи мазкурро пеш аз ба итмом расидани муҳлати ниҳоии фиристодани дархостҳо  бубанданд, ба шарте агар агар барои ин вазифа номзади муносиб дарефт намояд.

Номзад аз нохияи Шаҳритус бартари дорад

Ҷои кор: ноҳиҳояи Шаҳритуз ва Носири Хусрав

Намуди шартнома: Шартномаи хизматрасонӣ

Муҳлати шартнома: То охири соли 2026 бо эҳтимолияти тамдид намудан.

«Good Neighbors International» созмони ғайритиҷоратии байналмилалӣ оид ба рушди башардӯстона буда,  соли 1991 дар Корея таъсис ёфтааст. «Good Neighbors International» дар 50 кишвари ҷаҳон фаъолият менамояд ва барои рушди ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳавасмандгардонии эътимоднокии ҷомеа сару кор дорад. Созмони «Good Neighbors» дар Тоҷикистон (GNT) аз соли 1998 фаъолият намуда, барои беҳтар кардани зиндагии мардум, махсусан кӯдакон тавассути омӯзиш, рушди ҷомеа ва ҳамчунин лоиҳаҳои кӯмаки башардустона фаъолият менамояд. GNT бо ҷонибҳои асосии манфиатдор, аз қабили Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Кумитаи кор бо занон, мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналмиллалии рушд, СММ ва оҷонсиҳои  донорӣ аз қабили Иттиҳоди Авруппо, GIZ, UNICEF, WFP, SCO ва ғайраҳо ба тариқи пайваст кардани ҷамоатҳои камбизоат ва осебпазир ба таҳсилоти босифат, тандурустӣ, таъмини об ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ- санитарӣ фаъолият менамояд. 

Good Neighbors барои аз байн бурдани  гуруснагӣ дар ҷаҳон, ки дар он ҳамаи одамон метавонанд бо ҳам дӯстона ва дар  якҷоягӣ зиндагӣ кунанд, фаъолият дорад. Good Neighbors ҳуқуқҳои  ҳамсоягони худро, ки аз гуруснагӣ, камбизоатӣ, офатҳо ва ситам азият мекашанд,  эҳтиром намуда,  барои ба фардои дурахшон  устувор қадам мондан ва барои  амалӣ гардидани орзуҳои онҳо кумак менамояд.

Дар мувофиқа бо рисолати мо, Good Neighbors International боварӣ дорад, ки ҳама ҳуқуқҳои инсонии одамон бояд эҳтиром карда шаванд. Мо дарк мекунем ва вазифадорем, ки ҳуқуқҳои онҳоро ҳифз кунем ва ҳама гуна зиёнро пешгирӣ намоем. Аз ин рӯ, Good Neighbors International нисбат ба ҳама гуна амале, ки боиси зарари ҷисмонӣ, ҷинсӣ, равонӣ, зӯроварӣ, истисмор ва зӯроварии эмотсионалӣ мегардад, махсусан барои кӯдакон (ҳар шахси то синни 18-сола), занон ва калонсолони осебпазир таҳаммулнопазир аст.

Сиёсати ҳифзи кӯдакон ва калонсолони GNT ӯҳдадориҳои GNI-ро оид ба муҳофизат нишон дода, масъалаи ҳимоят аз истисмори шаҳвонӣ ва сӯиистифодаро (PSEA) махсус таъкид мекунад ва он сиёсати ҳифзи кӯдаки GN-ро, ки соли 2013 таҳия гардидааст, тақвият мебахшад. GN нисбат ба ҳама гуна амалҳое, ки боиси расонидани зарари ҷисмонӣ, ҷинсӣ ва/ё равонӣ, зӯроварӣ, истисмори онҳое, ки мо бо онҳо кор мекунем мегардад, таҳаммулнопазир аст, зеро мо манфиатҳои беҳтарини ҷомеаро ҳамчун афзалиятҳои аввалиндараҷаи худ меҳисобем. https://www.goodneighbors.org/who/account

Бо дастгирии маблағгузорони доимии Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, «Good Neighbors» дар Тоҷикистон  беш аз 12,472 кӯдаконро аз оилаҳои осебпазир аз ҳафт минтақаи кишвар, аз ноҳияҳои Шаҳритуc, Носири Хусрав, Рашт ва шаҳрҳои Ваҳдат, Кӯлоб ва Душанбе (ноҳияҳои Сино ва Фирдавсӣ), дар шаш Лоиҳаҳои рушди ҷамоавӣ сарпарастӣ мекунад. Фаъолиятҳои GNT ба беҳтаргардонии ҳаёти кӯдакон ва волидони онҳо мусоидат мекунанд.

«Good Neighbors» дар Тоҷикистон дарн. Шаҳритуc бароиишғолиҷойикориихолӣбавазифаиЁварихурдишӯъбаидарёфти, ҷустуҷӯи занбӯруғ,даромадОЗМУНэълонменамояд.

 Довталаб бояд  дорои чунин сифатҳо бошад:

·       Ташкилкунанда ва сафарбаркунандаи гурӯҳҳои занон барои ташкил ва ривоҷи соҳибкорӣ.

·       Баланд бардоштани иқтидори аъзои гурӯҳҳои занон тавассути машғулиятҳо.

·       Банақшагирии фаъолиятҳо ва ҳамоҳанг намудани он бо роҳбарияти Лоиҳаи рушди ҷомеа ва ёвари шӯъбаи дарёфти даромад.

·       Пеш бурдани фаъолиятҳо мувофиқи реҷаи корӣ.

·       Пешкаши саривақтии ҳисоботҳои моҳона.

Талабот ба ихтисос:

·       Маълумоти олӣ ва ё миёнаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар ихтисосӣ маъмул.

·       Дорои малакаҳои хуби муоширатӣ.

·       Малакаи хуби кор бо компютер, бо истифодаи барномаҳои MS Office.

·       Донистани забонҳои тоҷикӣ ҳатмист, забони ӯзбекӣ ва русӣ афзалият доранд.

Салоҳият:

·       Ростқавлӣ.

·       Маҳорати хуби ҳалли муноқишаҳо ва рафтори ҳамида дар ҳолатҳои махсус.

·       Дорои малакаҳои хуби муошират.

Нафарони хоҳишманд метавонанд ахборотро оиди таҷрибаи кории худ дар формати ташкилоти Good Neighbors дар Тоҷикистон  GNT-Application-Form пуркардаба суроғаи электронии ташкилот gnt.humanresources@gmail.com  ва arina.nam@goodneighbors.org  на дертар аз 16августи соли 2025 равон пешниҳод карда шаванд.  

Анкетаи GNT –ро барои дархости кор, метавонед аз Ташкилоти Good Neighbors дар Тоҷикистон дар Лоиҳаи Рушди Ҷомеаи дар ноҳияи Шаҳритуc аз суроғаи зерин дастрас кунед.

·        шаҳраки Шаҳритус, кӯчаи Каландар Хаитов, 26

·       Носири Хусрав, Сангоба

Маълумоти бештарро Шумо метавонед дар сомонаи мо дарёфт намоед:

www.goodneighbors.org

www.goodneighbors.tj

https://www.facebook.com/gntajikistan/

https://www.instagram.com/goodneighbors_tj/

https://www.linkedin.com/company/15834558/