Танзимгари барномаи худтаъминкунӣ
| Наименование объявления: | Танзимгари барномаи худтаъминкунӣ |
| Дата публикации: | 2026-07-03 20:13:19 |
| Крайний срок / Deadline: | 2026-07-17 17:00:00 |
| Этап: | Активный |
| Организатор: | OO "Инсон ва Адолат" |
| Юр. адрес организатора: | к.Дехлави 10 |
| Область реализации проекта: | Душанбе |
| Отрасль: | Прочее |
| Тип объявления | Тендер |
| Контактный E-mail: | insonadolat@gmail.com |
| Контактный телефон: | +992917164092 |
Маълумоти умумӣ: Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва адолат” ташкилоти ҷамъиятие мебошад, ки фаъолияти асосии ташкилот- амалӣ намудани лоиҳаҳо оид ба дастгирӣ намудани ҳуқуқҳои инсон, расонидани ҳимояи ҳуқуқӣ ва кумаки иҷтимоӣ ба гурезаҳо ва паноҳандагон мебошад. Ташкилот рисолати мазкурро дар ҳамкорӣ ва бо кумаки молиявии Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Расонидани машварати ҳуқуқӣ ва кумаки иҷтимоӣ ба гурезаҳо ва паноҳҷуён” амалӣ мекунад.
Шарҳи мухтасари вазифаҳои асосӣ
· Робитаи бевосита ва кор бо гурезагон ва паноҳҷӯён оид ба таҳияи шароиту имкониятҳои худтаъминкунӣ, аз ҷумла тавассути ташкил кардани курсҳои касбомӯзӣ, барномаҳои коромузӣ/ шогирдӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ/ соҳибкорӣ.
· Танзим ва ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғл ва зерсохторҳои он, дигар сохторҳои давлатӣ дар сатҳи милливу маҳаллӣ ва инчунин бахши хусусӣ дар самти таъмини иҷрои қонунгузории миллӣ, ки дастрасӣ ба шуғл ва соҳибкориро танзим мекунад;
· Ба роҳ мондани назорату арзёбиҳои даврӣ бо мақсади ташхиси пешрафт дар самти таъсиси манбаъҳои худтаъминкунии гуруҳҳои ҳадафӣ; бартараф кардани монеаҳо ва ҳуҷҷатгузории дастовардҳо;
· Машварат, ҳимоя ва робитаи доимӣ ба гуруҳҳои мавриди таваҷҷӯҳ;
· Мунтазам ва сари вақт ворид ва таҷдид намудани маълумоти марбут ба кор дар модулҳои бақайдгирӣ ва кӯмак дар “ProGres v4” (оид ба шуғл, рушди малакаҳо ва кӯмакҳои расонидашуда ба баҳрабарандагон); таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои даврӣ оид ба раванди фаъолият, мушкилот, дастовардҳо ва тавсияҳо барои беҳтарсозии барнома.
Таҷриба ва малакаҳои зарурӣ:
- Маълумоти олӣ ;
- Таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар самти рушди иҷтимоӣ;
- Таҷрибаи қаблии кор бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ;
- Малакаи хуби муколама, таҳлил ва иншои ҳисобот;
- Малакаҳои аълои нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
- Малакаҳо ва таҷрибаи хуби кор бо таҷҳизоти идорӣ.
Пешниҳоди ариза.
Лутфан, ҳолнома (резюме/ СV)-и худро тавассути почтаи электронии insonadolat@gmail.com то рузи анҷоми қабули аризаҳо ирсол намоед.