Эълон оид ба вазифаи ҳамоҳангсози барнома
| Наименование объявления: | Эълон оид ба вазифаи ҳамоҳангсози барнома |
| Дата публикации: | 2026-02-24 08:10:34 |
| Крайний срок / Deadline: | 2026-03-04 17:00:00 |
| Этап: | Активный |
| Организатор: | OO "Инсон ва Адолат" |
| Юр. адрес организатора: | к.Дехлави 10 |
| Область реализации проекта: | Душанбе, РРП |
| Отрасль: | Прочее |
| Тип объявления | Тендер |
| Контактный E-mail: | insonadolat@gmail.com |
| Контактный телефон: | +992917164092 |
Маълумоти умумӣ: Ташкилоти ҷамъиятии (ТҶ) “Инсон ва Адолат” ташкилоти ҷамъиятӣ ва яке аз шарикони Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо буда, фаъолияти асосии он ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, бахусус гурӯҳои осебпазир, аз қабили гурезаҳо, шахсони паноҳҷӯянда маҳсуб меёбад. Дар доираи шарикӣ ташкилот бо Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо тибқи Созишнома лоиҳаеро амалӣ менамояд, ки баҳри ҳимияи ҳуқуқ ва дастгирии иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқии гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯяндаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.
(лоиҳаи “ Пешниҳод намудани машварати ҳуқуқӣ, кумаки иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ба гуразагон ва шахсони паноҳҷӯянда”-и Раёсати Комиссариати олии СММ оид ба кор бо гурезагон)
Қоидаҳои умумӣ
· Корманди мазкур фаъолияташро тибқи Оинномаи ТҶ “Инсон ва адолат”, тартиботи дохилии меҳнат, шарномаи меҳнатӣ, дастури мазкур, нақшаи кори лоиҳа ва нақшаи фаъолияти инфиродии худ, инчунин фармоишҳои роҳбарони лоиҳа ва ташкилот, ки марбути мансабаш мебошанд, ба роҳ мемонад.
· Роҳбарони бевоситаи ин мақом- роҳбари лоиҳа ва директори ташкилот мебошанд.
Вазифаҳо
· Амалишавии масъалаҳои иҷтимоии гурезагон ва шахсони паноҳгоҳҷуй ;
· Кумак намудан ва қабули аризаи гурезагон ва шахсони паноҳҷӯянда дар хусуси расонидани кумаки иҷтимоӣ;
· Ташрифоти назорати дар хусуси оне, ки оилаи гурезагони эҳтиёҷманд аз кумаки иҷтимоӣ бархурдор гарданд ;
· Гузаронидани мониторинг оид ба ташриф ба хонаи гурезагон ва шахсони паноҳҷӯяндагон тибқи нақшаи пешакӣ пешбининамуда ва инчунин дар ҳолатҳои зарурӣ ;
· Тартиб додан ва пешбарии маълумотҳо ба Комитет пас гузаронидани монитор оид ба дархосту эҳтиёҷоти гурезагон ва шахсони паноҳгоҳҷуянда;
· Тақсим намудани кумакҳои ҷудошуда ба гурезагон ва шахсони паноҳгоҳҷуй ва ҳуҷҷатгузории он бо имзои нафарони кумакгирифта;
· Таҳияи ҳисоботҳо оид ба кори моҳона ва рузи охирини кории ҳар моҳ ба роҳбари бевосита супоридани ҳисобот;
· Кумак расонидан ба кудакони гуреза барои бо таҳсил фаро гирифтани онҳо дар муассисаҳои таълимии маҳалӣ;
· Таҳия ва таҳқиқ ва ба роҳбари бевосита пешниҳод намудани нақшаи кории моҳона (бо мақсади банақшагирии ҳамоҳангсозии вақт, чорабиниҳо, нақлиёт ва иттилоот бо дигар кормандон- аъзоёни даста);
· Таҳия намудани руйхати кумакгирандагон барои Кумита;
· Ташкил ва доир намудани ҷаласаҳои Кумита; таҳияи протоколи машваратҳои он;
· Таҳия ва пешниҳоди саривақтии маълумоти оморӣ ба роҳбари бевосита.
Талабот нисбат ба довталабон:
· Маълумоти корӣ на камтар панҷ сол дар бахши иҷтимоӣ ва гуманитарӣ;
· Бо компютер ва таҷҳизоти идорӣ кор карда тавонистан;
· Маҳорати барандагии чорабиниҳои гуруҳӣ ва кор бо нафарони алоҳида;
· Саводи аълои нутқи хаттӣ ва шифоҳии забонҳои тоҷикӣ, русӣ (донистани забони англисӣ афзалият медиҳад);
· Муомилаи хуб ва қобилияти барпо доштани муносибатҳои хуб бо кормандони ташкилот ва мизоҷон.
· Малакаи хуби муколама, таҳлил ва навиштани ҳисобот.
Пешниҳодиариза. Довталабон метавонанд , ҳолнома (резюме/ СV)-и худро тавассути почтаи электронии insonadolat@gmail.com то рузи анҷоми қабули аризаҳо ирсол намоянд.
| Имя | Размер |
|---|---|
| 20.02.2026 Озмун ба вазифаи ҳамоҳангсози барнома.docx | 19,38 Kb |