Эълон оид ба ҷойи холии кор ба вазифаи ёвари барномаи худтаъминкунӣ
| Наименование объявления: | Эълон оид ба ҷойи холии кор ба вазифаи ёвари барномаи худтаъминкунӣ |
| Дата публикации: | 2026-01-29 11:43:32 |
| Крайний срок / Deadline: | 2026-02-13 17:00:00 |
| Этап: | Активный |
| Организатор: | OO "Инсон ва Адолат" |
| Юр. адрес организатора: | к.Дехлави 10 |
| Область реализации проекта: | Душанбе |
| Отрасль: | Прочее |
| Тип объявления | Тендер |
| Контактный E-mail: | insonadolat@gmail.com |
| Контактный телефон: | +992917164092 |
Эълоноид баҷойи холии кор ба вазифаи ёвари барномаи худтаъминкунӣ
Санаиэълон: 29 январи 2026
Номивазифа: Танзимгари барномаи худтаъминкунӣ
Макони кор: Дафтари марказии(саридораи) ташкилот дар шаҳри Душанбе. Сафарҳои корӣ ба минтақаҳои фаъолият.
Анҷоми қабули аризаҳо
13 феврали 2026
Маълумоти умумӣ: Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва адолат” яке аз шарикони намояндагии Раёсатик Комиссари Олии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин самт лоиҳаро дар хусуси дастгирӣ намудани ҳуқуқи инсон, расонидан ҳимояи ҳуқуқӣ ва расонидани кумаки иҷтимоӣ ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда амалӣ менамояд.
Вазифаҳои асосӣ
- Робитаи бевосита ва кор бо гурезагон ва паноҳҷӯён оид ба таҳияи шароиту имкониятҳои худтаъминкунӣ, аз ҷумла тавассути ташкил кардани курсҳои касбомӯзӣ, барномаҳои коромузӣ/ шогирдӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ/ соҳибкорӣ.
- Танзим ва ҳамкорӣ бо мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ, бахусус Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғл ва зерсохторҳои он, ва инчунин бахши хусусӣ дар самти таъмини иҷрои қонунгузории миллӣ, ки дастрасӣ ба шуғл ва фаъолияти соҳибкорӣ бо мақсади ҳамоҳангсоҳӣ дар доираи барнома танзим мекунад;
- Ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо мақсади ташхиси пешрафт дар самти таъсиси манбаъҳои худтаъминкунии гуруҳҳои ҳадафӣ; бартараф кардани монеаҳо ва ҳуҷҷатгузории дастовардҳо.
- Машварат, ҳимоя ва робитаи доимӣ ба баҳрабарандагон( шахсоне, ки гурезаҳо дониста шудаанд).
- Мунтазам ва сари вақт ворид ва таҷдид намудани маълумоти марбут ба кор дар модулҳои бақайдгирӣ ва кӯмак дар “ProGres v4” (оид ба шуғл, рушди малакаҳо ва кӯмакҳои расонидашуда ба баҳрабарандагон); таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои даврӣ оид ба раванди фаъолият, мушкилот, дастовардҳо ва тавсияҳо барои беҳтарсозии барнома.
Таҷрибавамалакаҳоизарурӣ:
- Маълумоти олӣ;
- Таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар самти рушди иҷтимоӣ;
- Таҷрибаи қаблии кор бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ;
- Малакаи хуби муколама, таҳлил ва навиштани ҳисобот;
- Малакаҳои аълои нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
- Малакаҳо ва таҷрибаи хуби кор бо таҷҳизоти идорӣ.
Пешниҳодиариза. Довталабон метавонанд , ҳолнома (резюме/ СV)-и худро тавассути почтаи электронии insonadolat@gmail.com то рузи анҷоми қабули аризаҳо ирсол намоянд.