Тендер барои таъмиру рангубори утоқҳои кории дафтари Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» дар шаҳри Ваҳдат

Наименование объявления: Тендер барои таъмиру рангубори утоқҳои кории дафтари Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» дар шаҳри Ваҳдат
Дата публикации: 2025-12-11 08:27:11
Крайний срок / Deadline: 2025-12-18 17:00:00
Этап: Активный
Организатор: OO "Инсон ва Адолат"
Юр. адрес организатора: к.Дехлави 10
Область реализации проекта: РРП
Отрасль: Строительство и ремонт
Тип объявления Тендер
Контактный E-mail: insonadolat@gmail.com
Контактный телефон: +992919315816

ДАЪВАТНОМА БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТЕНДЕР
(Тендер барои таъмиру рангубори утоқҳои кории дафтари Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» дар шаҳри Ваҳдат)

Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» изҳори сипос намуда, ҳамаи субъектони манфиатдорро барои иштирок дар тендери кушод барои пешниҳоди хизматрасонии таъмиру рангубори утоқҳои корӣ ташкилоти номбурда дар шаҳри Ваҳдат тендери, эълон менамояд.

№ Номгуйи молу/хизматрасонӣ

1Таъмиру рангубори утоқҳои кории Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» дар ш.Ваҳдат

Мо субъектони манфиатдорро даъват менамоем, ки дар "Тендер барои пешниҳоди хизматрасонии таъмиру рангубори утоқҳои корӣ дар ш. Ваҳдат " барои Ташкилоти ҷамъиятии "Инсон ва Адолат" иштирок намоянд.

Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ба талаботи дар ҳуҷҷатҳои харид муқарраршуда ҷавобгӯ мебошанд, ҳуқуқ доранд дар тендер барои пешниҳоди хизматрасонии таъмиру рангубор барои Ташкилоти ҷамъиятии "Инсон ва Адолат" иштирок кунанд.

Тавсиф ва хусусиятҳои зарурии функсионалӣ, техникӣ, сифатӣ ва амалиётии хизматрасонии таъмир бояд мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои меъёрии амалкунанда ва мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои тендерӣ пешниҳод карда шаванд. Аз субъектони манфиатдорро хоҳиш карда мешавад, ки бастаи тендериро пешниҳод кунанд, ки бояд ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар гирад:

ü Нархҳои хизматрасониҳои пешниҳодшуда, мувофиқи ҷадвали дар нома овардашуда (нархҳо бояд бо сомонӣ, аз ҷумла ААИ ифода карда шаванд);

ü Нусхаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолияти ширкат (шаҳодатномаи бақайдгирӣ, иқтибос, РМА, шаҳодатномаи пардохти андоз), инчунин реквизитҳои бонкии ширкат;

ü Шаҳодатномаҳо ё дигар ҳуҷҷатҳои ширкат;

ü Шартномаҳо ва мӯҳлатҳои пешниҳоди хизматрасониҳо (рӯзҳои корӣ ё рӯзҳои тақвимӣ);

ü Шартҳои пардохт (пули нақд ё ғайринақдӣ);

ü Маълумоти тамос бо ширкат (суроғаи почтаи электронӣ, рақамҳои телефон, суроғаҳо).

Агар шумо таваҷҷӯҳ дошта бошед, лутфан пешниҳоди тендерӣ ва бастаи ҳуҷҷатҳои заруриро бо нишон додани мавзӯи тендер ва номи ширкати худ фиристед. Мактуби мӯҳршударо ба суроғаи зерин фиристед: кӯчаи Деҳлавӣ, 10, Душанбе.

Мӯҳлати охирини пешниҳоди тендерӣ то соати 17:00-и 18 декабри соли 2025 аст. Пешниҳодҳои пас аз ин мӯҳлат гирифташуда баррасӣ карда намешаванд. Барои ҳама гуна саволҳо, лутфан бо мо тавассути почтаи электронӣ ба суроғаи зерин тамос гиред: insonadolat@gmail.com. Рақамҳои тамос: (+992) 91 931 58 16; (+992) 93 322 15 40.

Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» барои таваҷҷӯҳ ва иштирокатон дар ин тендер пешакӣ изҳори сипос мекунад.